Панҷ  рӯз пеш аз оғози Соли нав дар Чин, 19-уми январ, ҳукуматдорони Пекин аз вазъияти пешомада дар шаҳри Вуҳан ҳолати фавқулодаи тандурустӣ эълон карданд. Азбаски ҳукумати шаҳри Вуҳан дар ибтидо маълумоти маҳфузбуда ва назорати таъсирбахши вирусро надоштанд, тақрибан панҷ миллион коргарро ба рухсатии мувақатии корӣ равон карданд. Сипас вирус босуръат дар Чин ва берун аз он паҳн шуда, сабаби бавуҷудоии ҳолати фавқулодаи байнанмилалии тиббӣ гардид.

Айни замон суръати инкишофи иқтисодиёти Чин каме  коҳиш ёфтааст, зеро хизматрасонӣ дар самти савдои чакана, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва нақлиёт, ки тақрибан нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро фаро мегирад, то андозае камтар шудааст. Паҳншавии босуръати коронавирус дар саросари олам, вазъро боз ҳам ташфишовар карда, муомилоти савдоӣ ва рафтуомади мардумро маҳдуд сохтааст.

Директори Маркази тадқиқоти иқтисодии Чин Ҷан Ҷун  дар суҳбат ба Агентии иттилоотии Синхуаи Чин, гуфтааст, ки эпидемияи коронавирус ба гумон аст, ки тӯл кашад.

— Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти худ, Чин бешубҳа қобилияти беназири сафарбаркунии захираҳо дар вокуниш ба ҳолати фавқулодаи васеъмиқёсро дорад, — гуфтааст коршинос Ҷан Ҷун. — Ҳоло баҳо додан ба таъсири пурраи иқтисодии хуруҷи коронавирус, барвақт аст, аммо омили асосӣ на доираи фарогирӣ ва вазнинӣ, балки давомнокии он хоҳад буд.

Сарфи назар аз эпидемия, бо назардошти афзоиш, иқтисодиёти Чин дар ҳоли барқароршавӣ аст. Ба гуфти коршиносони иқтисоддон, дар ҳар сурат бемории фарогир метавонад таназзули кӯтоҳмуддати иқтисодиро дар Чин ба бор орад.

Маълумотҳои мавҷуда ба он ишора мекунанд, ки бемории фарогир ҳар ду ҳафтаи оянда ба як нуқтаи дигар интиқол меёбад.

Коршинос Ҷан Ҷун бар он назар аст, ки бемории фарогир афзоиши ММД-ро дар семоҳаи аввал аз се як ҳисса кам кардааст ва ин рақам нисбат ба семоҳаи якуми соли 2019 2-3 дарсад пасттар аст.

— Ҳукумати Чин, ки айни замон ба мубориза алайҳи бемории фарогир машғул аст, ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи афзоиши маҷмӯи маҳсулоти худро дар соли равон мутаносибан коҳиш хоҳад дод, ё на, — таъкид кардааст Ҷан Ҷун.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here