Имрӯз, 13-уми декабр, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмии “Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» ба кори худ оғоз кард.

Дар конфронс мушовири президент оид ба равобит бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмон, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали вазири маориф ва илм Мирбобоев Раҳматулло, Шоири халқии Точикистон Аскар Ҳаким ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Дар оғози конфронс президенти Академияияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро хушомадед гуфта, барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ кард.

Абдуҷаббор Раҳмон дар аввал аз номи президент ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати 550-солагии шоири бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ табрик намуда, баъдан, ба он нафароне, ки дар бораи осори ин шоири бузург тадқиқотҳо гузаронидаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Баъд аз суханронии Абдуҷаббор Раҳмон, вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода суханронӣ намуд. Вазири фарҳанг ба ёдгориҳои бузурги “ЮНЕСКО” қабул гардидани якчанд ҷойҳои таьрихӣ ва инчунин ба ёдгориҳои ғайримоддӣ ворид намудани чакани миллӣ ва оши палавро яке аз дастовардҳои бузург миллати тоҷик хонд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Ҷурабек Назриев ҷиҳати баррасии мероси хаттии Сайидо осори ӯро аз қасоид, маснавиёт, мусаддасот, мухаммасот, ғазалиёт, рубоиёт, баҳориёт ва Шаҳрошуб иборат дониста, ҳамзамон қайд намуд, ки аз нисф зиёди осори Сайидоро ғазал ташкил медиҳад.

Дар назар аст, ки конфронси мазкур фардо, 14-уми декабр низ идома ёбад.

Нури Саид

Добавить комментарий