“Бонки Эсхата” ҳамасола Иқдоми “Рушди ҳамкорӣ”-ро мегузаронад, ки иштирокчиёни он мизоҷони бо низомҳои байналхалқии интиқоли пулӣ маблағгиранда ба ҳисоб мераванд.

Аз ин бонк хабар доданд, ки даври дуюми Иқдоми “Рушди ҳамкорӣ-2017” ҷамъбаст гардид ва дар натиҷаи он шаш нафар ғолибон муқаррар карда шуданд, ки ҳар яке 5000 сомонӣ мукофоти пулӣ мегиранд: Бахтовари Валӣ аз ш. Душанбе, Сайфова Бибисоро Джурабековна аз ш.Вахдат, Ибрагимова Нилуфар Абдукодировна аз ш.Исфара, Тешабоева Назоратой аз ноҳияи Ашт, Муродова Ҷумагул Сангинмурадовна аз ш.Курғонтеппа, Зухурова Идимо аз н. Ёвон.

Тарзи гузаронидани ин иқдом чунин аст, ки ба гирандагони интиқоли пулӣ купон бо рақами тартибӣ пешниҳод карда мешавад, ё дар баъзан паёми телефонӣ ирсол мешавад. Рақами тартибӣ мизоҷро ҳамчун иштирокчии ин иқдом тасдиқ мекунад.

Даври аввали Иқдом моҳи гузашта ҷамъбаст шуда буд, ки шаш нафар ғолиб тӯҳфаҳои худро ба маблағи 3000 сомонӣ гирифтанд.

Иқдоми мазкур моҳи октябри соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад. Бурди тӯҳфаи асосӣ моҳи октябр гузаронида шуда, он тариқи телевизион намоиш дода мешавад. Шаш нафари толеъбаланди кишвар соҳиби 50 000 сомонӣ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий