Аз нуқтаи санитарӣ-карантинии гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён зиёда аз 130 тонна рони мурғ ва наздики 40 тонна моҳии яхкардашуда бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба қоидаву меъёрҳои санитарӣ бозпас гардонида шудаанд.

Директори МНДСЭ-и вилояти Хатлон  Файзалӣ Бобоҷонов гуфт, ки аз авали соли равон то инҷониб дар вилоят бештар аз 10 хазору 730 маротиба санҷиш гузаронида шуда, барои риоя накардани талаботи санитарию эпидимиологӣ  3 ҳазору 16 нафар ба маблағи умумии 336 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карда  шуданд.

Ба иттилои масъулин дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фӯруши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру нохияҳо зиёда аз 29 тонна маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд.

Воридсозии маҳсулоти хушсифат ба кишвар ва таъмини сокинон бо он яке аз роҳҳои асосии нигаҳдории солимии мардум ба ҳисоб меравад, вале мутаасифона ҳамоно баъзе аз соҳибкорону тоҷирон ба бозори истеъмолии мамлакат маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузаштаро ворид менамоянд. 

Ба гуфти мутаххассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон барои пурра бартараф кардани чунин ҳолатҳо бояд сокинон ҳангоми харидории молу маҳсулот ба сиффат ва муҳлати истеъмоли он таваҷҷуҳ кунанд.

Добавить комментарий