Аз 27-ум то 29-уми декабри соли 2018 озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Шоева Дилбар ғолиб омад. Дар ин бора корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Аҳмадшоҳи Масъуд хабар дод.

Дар озмун 5 нафар — Куканбекова Мунира, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар, омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоева Дилбар, омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Ҷонибек, омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок карда, аз рӯйи 7 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Маросими ҷамъбастии озмун бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм Р.Содиқзода, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.

Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Шоева Дилбар ғолиби озмун дониста шуда, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид. Ғолиби озмун бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.

Инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here