Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати расонидани кӯмаки пулию молиявӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус ва табобати мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Ҳисор ҷонибдории ҳаматарафа ёфта, кӯмаки шахсони саховатпеша пайваста ба назар мерасад.

Имрӯз аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Уроқова Сурайё барои 55 табибу корманди беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳр маводи ғизоӣ, аз қабили 10 кило орд, 5 кило равған, 5 кило биринҷ ва 3-килограммӣ макарон дастрас гардид. Мавсуф бо табибон, хешону пайвандони беморон сӯҳбат намуда, риоя кардани талаботи  тарзи ҳаёти солим ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ёдрас гардид ва ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъию мубориза ба зидди ин беморӣ даъват кард.

– Имрӯз мо бояд дар чунин лаҳзаҳои ҳассос муттаҳид бошем ва ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем. Ҳоло вазъи ҷаҳон вобаста ба паҳн дунёгир шудани вируси нав аз ҷиҳати эпидемиологӣ он қадар созгор нест ва ин аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки дар масъалаи нигаҳдории беҳдошти фардиву ҷамъиятӣ ҷиддӣ бошем. Дар баробари ин, раванди сарпарастӣ ва кумаку хайрия аз амалҳои муассир ҳастанд, ки дар ҳар ҳолат ва ҳар макон амалӣ мегарданд. Аз ин ҷиҳат, даст задан ба чунин амали неку дорои савоб, барои ашхоси дорои чунин имконият нишондиҳандаи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аст. Боварӣ дорам, ки дар кишвари мо сафи чунин шахсони бонангу номус зиёд аст ва бо ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ ва дигар ниҳодҳои кишвар чунин корҳои муфидро ба анҷом расонида, саҳмашон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва ободии ҷомеа хоҳад расид, – қайд кард вакили мардумӣ.

Воқеан, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ашхоси камбизоат,  табобати  беморони сироятёфта ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом дода мешавад. Сокинони шаҳр минбаъд низ азми онро доранд, ки бо  футувват ва иҷрои корҳои хайру савоб  дар рафъи ин бемории сирояткунанда бештар саҳмгузор бошанд.

Добавить комментарий