Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” амалигардонии лоиҳаи “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО”-ро бо дастгирии молиявии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, идома медиҳад.

Мақсади лоиҳа бо роҳи расонидани ёрии ҳуқуқӣ мусоидат намудани риояи ҳуқуқӣ ба  намояндагони ВАО маҳсуб меёбад.

Дар доираи лоиҳа қабулгоҳи махсуси ҳуқуқӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон  ба рузноманигороне, ки ҳуқуқҳои онҳо вобаста ба фаъолияти касбиашон поймол гардидааст, амал мекунад. Ба онҳо метавонанд маслиҳатҳои ҳуқуқии шифоҳӣ ва хаттӣ, инчунин барои пешниҳод намудани дархостҳо ба мақомотҳои давлатӣ (ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва ғ.) мусоидат кунанд, ҳамчунин барои иштирок дар мурофиаҳои судӣ ёрии ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад.

Сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мутсақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” Шоира Давлатова қайд кард, ки “Агар рӯзноманигор ба вазъияти ногувор афтад, вобаста ба фаъолияти касбиашон — дастгир шаванд, ё нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардад, дар ҳолати муроҷиат намуданашон, аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан ва инчунин дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ ва судӣ хизматрасонии адвокат пешниҳод карда мешавад”.

Ба ғайр аз ин, барои намояндагони ВАО имконият пайдо гардид,  ки маводи худро пеш аз интишор кардан аз таҳлили ҳуқуқӣ гузаронанд, то ки ҳадди ақал хавфи имкониятпазир ва оқибатҳои ногувори онро кам намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here