Тоҷикистон то имрӯз бо чандин кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзои фаъоли созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Соли 2017 дар доираи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, инчунин дар мувофиқа бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дархости Дафтари САҲА дар Тоҷикистон  “Иттиҳоди занон” аз шумори вакилзанон  таъсис дода шуд. Созмон додани иттиҳоди мазкур тасмими ҷадид барои амалӣ намудани  ҳадафҳои  иҷтимоии кишвар ҷиҳати  баланд бардоштани мақоми  зан  дар  ҷомеа,  баробарии гендерӣ ва иштироки бевоситаи занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ мебошад.

Ҳамзамон  иттиҳод дар доираи ҳадафҳои Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 имкони роҳандозӣ намудани ҳамкориҳоро бо вакилзанони парлумонҳои дунё  ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти қонунгузорӣ ва ҷалби бонувон ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар дорад.

Дар иртибот ба ин, рӯзи 24 апрели соли 2019 Дафтари САҲА дар Душанбе барои фаъолияти иттиҳод маводҳои техникӣ ба монанди 2 адад компютер, 1 адад проектор, 1 адад экран ва 1 адад принтер  тақдим намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here