Имрӯз, дар арафаи иди Саиди Фитр бо ташаббуси ширкати «Ғаюр», ки марбут ба соҳибкори муваффақи ватанӣ Акбар Ғуломов мебошад, ба зиёда аз 600 нафар аз оилаҳои мӯҳтоҷу камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва маъюбони ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Ёвон миқдори муайяни орд, равған ва шакар расонида шуд.

Ин ширкат барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 500 000  сомонӣ ва ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 130 000 сомонӣ ҷудо кардааст.

Инчунин, ба қисмҳои ҳарбӣ ва госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, ноҳияҳои Лахш, Темурмалик ва Ёвон барои ҷиҳати эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустӣ ва сокинони ноҳияҳо ба миқдори муайян таъмин намудан бо маводи

безараргардонӣ аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ, дастпӯшакҳо, москҳои муҳофизатӣ, дорувориҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ кӯмаку дастгирӣ кардааст.

Аз ҷумла, дар тамоми ширкатҳои Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», барои амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда чораҳо андешида мешаванд. Қисми муҳими фаъолияти корхонаҳои ширкати “Ғаюр”, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ба шумори онҳо мансуб аст, принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошанд. Барои амалигардонии ҳамин принсипҳо, фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам!»-ро ташкил додаанд, ки лоиҳаҳоеро, чун сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, роҳҳову пулҳо маблағгузорӣ мекунад. Ширкати “Ғаюр” ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар рушди мамлакат ва беҳбудии ҷомеа саҳмгузор бошад.

Добавить комментарий