Чемпиони футболи Тоҷикистон клуби «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрии якуми нимфинали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 ба дастаи «Серес Негрос» аз Филиппин ғолиб омад.

Ин вохӯрӣ 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар шоҳидии 13800 тамошогар баргузор шуд. Ҳарчанд вохӯрӣ бо бартарии тарафҳо оғоз шуд, аммо душанбегиҳо дар рафти бозӣ тавонистанд, ки роҳро ба сӯи дарвозаи меҳмонҳо пайдо кунанд. Ҳамин тавр, шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба дарвозаи ин даста 4 голи беҷавоб заданд. Аввалин шуда Аҳтам Назаров дар қисми якум бо пеналтӣ ҳисобро кушод, сипас Ромиш Ҷалилов дар ҳамин қисм голи дуюми дастаашро зад. Дар қисми дуюм ба ҳуҷумкунандаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов муяссар шуд, ки дубл кунад.

Сармураббии клуб Муҳсин Муҳаммадиев баъд аз вохӯрӣ аз бозии шогирдонаш қаноатманд буданашро изҳор карда, гуфт, ки новобаста аз ҳисоби бузург бозӣ хеле вазнин сурат гирифт. «Ба назар чунин менамояд, ки мо осонакак ғалаба кардем. Ҳеч чиз осон ба даст намеояд. Ман аз бачаҳо миннадорам, ки ба ин бозӣ ҷиддӣ омода шуданд, маҳорат нишон доданд ва ҳамаи қувваи худро сарф карданд. Лаҳзаҳое буд, ки мо бад бозӣ накардем, аммо буданд лаҳзаҳое, ки корамон омад накард. Ба ҳар сурат мо вазифаро иҷро кардем – ғалаба ба даст омад», — гуфт Муҳаммадиев дар нишасти баъди бозӣ.

Сармураббии дастаи «Серес Негрос» Ристо Видакович дар нишасти хабарии баъди бозӣ «Истиқлол»-ро бо ғалаба табрик карда, гуфт, ки ин бадтарин бозии дастааш дар Ҷоми КФО буд. «Мо дар хатти муҳофизат хеле суст бозӣ кардем. Ҳариф бозии хуб нишон дод ва ғалабаи сазовор ба даст овард. Новобаста аз шикаст бо ҳисоби бузург мо умедамонро аз даст намедиҳем. Дар пеш вохӯрии ҷавобӣ дар Баколод аст. Шояд шогирдони ман таърихсозӣ мекунанд ва дар хона бо натиҷаи 5:0 ғолиб меоянд. Ин футбол аст, ҳарчӣ шуданаш мумкин», — гуфт Ристо Видакович.

Ҷоми КФО-2017

Нимифинали байминтақавӣ. Вохӯрии якум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

Голҳо: Аҳтам Назаров, 25 – аз пеналтӣ (1:0). Ромиш Ҷалилов, 45 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 88 (4:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Александр Стесенко, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Артем Барановский, Ромиш Ҷалилов (Мухаммадҷони Ҳасан, 90+3), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 79), Манучеҳр Ҷалилов. 

«Черес Негрос» (Баколод, Филиппин): Роланд Муллер, Кота Кавасе, Кевин Ингресо, Биенвенидо Марааон, Мануэл Отт, Ҷозе Елмер Портериа (Фернандо Родригес, 65), Иаян Рэмзи, Стефан Маркус Шрок, Карлос Де Мурга, Ҷуниор Муноз, Ҷефри Кристианс.

Огоҳӣ: Амирбек Ҷурабоев, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Стефан Маркус Шрок,  Биенвенидо Марааон («Серес Негрос»).

Довари асосӣ: Нивон Робеш (Шри-Ланка).

Нозири доварон: Юсуф Мирзо Рустам (Арабистони Саудӣ).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

22 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 13 800 тамошогар.

Добавить комментарий