Ба гузориш хабаргузории «Форс» ба нақл аз сомонаи «Ахбор», пас аз изҳороти ахири Додоҷон Атовуллоев раиси анҷумани неруҳои созанда, ки созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ онро ташкил кардаанд, Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев ва Сулаймон Давлатов  — 3 нафар аз раҳбарон ва фаъолони ин анҷуман, аз ин созмон истеъфо додаанд.

Инҳо ҳанӯз далели истеъфо ва хурӯҷи худ аз ин анҷуманро баён накардаанд. Атовуллоев шаби якшанбе дар барномаи радиои «Zello» бо ишора ба ин, ки мухолифони феълии давлати Тоҷикистон имкони каме барои мубориза бо давлатро доранд, гуфтааст, ки ё мемирем ва ҳамчунон мухолиф мемонем, ё бо давлат музокира мекунем.

Чанде пеш Атовуллоев тавассути интернет ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ ҳамла ва онро шадидан интиқод карда буд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here