Дар ҳудуди молбозори ҷамоати деҳоти Чилгазӣ дар шаҳри Исфара ба ҳаракатҳои ба ҷомеа хафноки ду кисабури моҳир Ғозиев Зубайдулло Шовалиевич, соли таваллудаш 1989, зодаи шаҳри Кӯлоб ва Одиназода Раҳмоналӣ Гадо, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, нуқта гузошта шуд.

Гуфта мешавад, ки нафари сеюм низ шиносоӣ шудааст ва барои дастгир кардани ӯ чорабиниҳо роҳандозӣ шудаанд. Гумонбаршудаҳо миёни тудаи одамон ҷой гирифта ду нафарашон сайди интихоб намударо миёнгир мекарданд ва нафари сеюм даст ба ҷайби ӯ бурда, маблағи пулиро мерабуд.

Масалан санаи 3-юми март дар ҳудуди молбозори шаҳри Исфара аз кисаи ҷавони 18-сола 2500 сомонӣ, санаи 29-уми март дар ҳудуди молбозори ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз кисаи либоси мавсимии марди 55-сола 4 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро тасарруф кардаанд.

Вобаста ба шахсияти гумонбаршуда Одиназода Раҳмоналӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ду маротиба барои дуздӣ суд шудааст. Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршудаҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс тадбиқ шудааст.

Даст доштани гумонбарон дар дуздиҳои бо ҳамин шева дар дигар минтақаҳои Суғд содир шуда, фарзияи оперативию тафтишотиест, ки мавриди коркарди милитсияи Суғд қарор дорад.

Добавить комментарий