Ин матлабро муовини раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Маҳмуд Истамов дар баробари хабарнигорон баён кард. Ба гуфтаи ӯ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо 274 нафар, аз Ассамблеяи парлумонии САҲА 66 нафар, аз СҲШ 19 нафар, аз ИДМ 182 нафар, аз Шӯрои давлатҳои туркизабон 9 нафар, аз Ассамблеяи парлумонии давлатҳои туркизабон 5 нафар, аз Бонки рушд ва бозсозии Аврупо ва конфаронси Гаага 3 нафар, аз мамолики мухталифи хориҷӣ 267, яъне, дар маҷмӯъ 825 нафар нозир ширкат хоҳанд кард.

— Ширкати чунин теъдоди нозирон дар таърихи интихоботҳои Ӯзбекистон бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, аз 70 расонаи хориҷӣ 99 нафар хабарнигор сабти ном карда шуданд. Дар феҳрасти электронӣ 20 миллиону 503 ҳазору 462 нафар интихобкунанда сабт карда шудаанд. Аз ин шумор 1 миллиону 721 ҳазору 358 нафар дар мамолики хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва онҳо дар 55 ҳавзаи интихоботӣ ба тарафдории номзадҳои дилхоҳи худ овоз хоҳанд дод, — гуфт Маҳмуд Истамов.

Тавре ки муовини раиси Комиссияи марказии интихобот тазаккур дод, дар айни ҳол 20 ҳазору 479 нафар аз ҳуқуқи овоздиҳии пешакӣ истифода кардаанд.

Ногуфта намонад, ки дар ин рӯзҳо таблиғоти пешазинтихоботӣ ба давраи ниҳоии худ наздик мешавад. Номзадҳои панҷ ҳизби сиёсӣ талош доранд, ки шумори ҳарчи бештари раъйдиҳандагонро ба сӯи худ кашанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо тарафдорони аҳзоби сиёсӣ бо ташкили гирдиҳамоиҳо таваҷҷӯҳи одамонро бештар ҷалб карда, теъдоди бештари овозҳоро ба даст оварданианд.

— Ман бори нахуст дар кишварамон чунин тарғиботи пешазинтихоботиро мебинам. Пас, бовар дорам, ки интихоботҳои дар пешистода ба ҳамон шиори худ — “Ӯзбекистони нав-интихоботҳои нав” мувофиқат хоҳад кард, — мегӯяд сокини шаҳри Тошканд Шерзод Маҳмудов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Добавить комментарий