Бо қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми август содир гардид, имсол Иди Қурбон дар кишвар рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд.  

Мувофиқи ин тасмим намози ид дар масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 06:30 хонда мешавад.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Добавить комментарий