Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон ва роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд KfW дар Тоҷикистон ҷаноби Др. Андреас Шнайдер созишномаи саҳмгузорӣ дар бунёди неругоҳи хурди обии Себзорро имзо карданд, ки ин неругоҳ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад.

Дар ин маросим муовини вазири энергетика ва захираҳои об хонум Шарифа Худобахш, роҳбари Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Др. Ян-Петер Олтерс, сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Др. Андреас Протманн, роҳбари ширкати “Помир Энерҷӣ” ҷаноби Далер Ҷумъаев, роҳбари Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ҷаноби Кишвар Абдулалишоев ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иштирок карданд. Маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 млн евро ба 17 млн еврое, ки пештар Ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гуфтушуниди байниҳукуматӣ соли 2018 ҷудо карда буд, замм мегардад. Бо имзо шудани созишнома маблағи умумии сохтмони ин неругоҳ 37 миллион евроро ташкил медиҳад. Сафир Йосефсон зимни суханрониаш аҳаммияти иҷтимоӣ ва муҳитзистии ин лоиҳаро таъкид кард ва гуфт ки ин лоиҳа замина фароҳам меорад то баъзе хонаводаҳои Бадахшони Афғонистон низ бо неруи барқ таъмин карда шаванд. Др. Шнайдер гуфт ки ин лоиҳа тавлид ва таъмини неруи барқи тозаро ҳам дар ноҳияи Роштқалъа ва ҳам дар тамоми ВМКБ беҳтар мегардонад. Гузашта аз ин, ӯ ёдовар шуд ки ин лоиҳа намунаи хуби ҳамоҳангсозӣ байни шарикони рушд ва Ҳукумати ҶТ мебошад. Ӯ гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ чанд тадқиқоти муҳимро барои омода кардани лоиҳа маблағгузорӣ кард, Агентии амрикоии ҳамкориҳои байналмиллалӣ USAID барои тақвият додани зарфияти ширкати “Помир Энерҷӣ” маблағ ҷудо кард ва котиботи давлатии Швейтсария оид ба Иқтисод SECO розӣ шуд, ки сохтмони 18км хатти интиқоли барқро аз неругоҳи Себзор то Хоруғ ва сохтмони як зеристгоҳи навро маблағгузорӣ кунад.

Ин лоиҳа сохтмони неругоҳи хурди ҷараёниро бо иқтидори 11 Мегаватт ва зарфияти тавлиди солонаи 74,5 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар руди Шохдараи ВМКБ ба нақша гирифтааст. Маблағгузории лоиҳа тавассути бонки давлатии Олмон – KfW сурат мегирад. Масъули иҷрои лоиҳа – ширкати Помир Энерҷӣ мебошад, ки системаи энергетикаи ВМКБ-ро тибқи шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати ҶТ идора мекунад.

Добавить комментарий