Корхонаи истеҳсолии Маркази тавонбахшии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва 64 нафар сокин, ки аксаран нобино ҳастанд, ба кор ҷалб шудаанд. Ин корхона чангакҳои ҷомашӯйӣ, халтаҳои коғазӣ бо ғунҷоиши 50 кг, тори ҷомашӯйӣ ва дигар асбобҳои ниёзи рӯзгорро истеҳсол мекунад.

Директори корхона Абдусаттор Ҷалилов дар суҳбат гуфт, техникаву технологияи корхона ба талабот ҷавобгӯ нестанд, сифат ва дизайни маҳсулот ба рақобати бозор тоб оварда наметавонад. Аммо ин танқисӣ садди роҳ шуда наметавонад, бо дарёфти маблағ дастгоҳи нав мехаранд, ки аз оғози соли нав онро ба кор хоҳанд даровард.

— Зиёда аз 94 ҳазор сомонӣ маҳсулот дар анбор хоб аст, онро саривақт фурӯхта наметавонем. Музди кори кормандон ва дигар маблағҳоро пардохт мекунем. Номӯътадил будани гардиши мол низ барои корамон мушкилӣ пеш меорад, – мегӯяд сармуҳосиби корхона Саодат Раҳимова.

— Барои пардохтҳои андози давлатӣ низ танқисӣ мекашем. Тибқи муқаррароти андозбандии Ҷумҳурии Тожикистон дар муассиае, ки зиёда аз 50 нафар корманди маъюб фаъолият мекунанд, дар супоридани андоз сабукӣ дода мешавад. Бо вуҷуди ин ба мақомоти дахлдор арз намудем, умедворем, ки дар ин самт ба мо ёрӣ медиҳанд, – изҳор дошт директори корхона Абдусаттор Ҷалилов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here