Дар рӯзи равшан дар наздикии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров даъво роҳ андохтаанд, ки дар натиҷаи латукӯб як нафари онҳо ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 5-уми июни соли 2019, соати 14:00, дар ҳолати мастӣ дар майдони «Регистон»-и бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 52-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъво карда бо дасташ ба сару рӯйи ҳарифаш зарбаҳои марговар задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешапвад, ки нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here