Варзишгарони вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2019-ум дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 1004 медал гардидидаанд, ки ин рақам нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 79 медал зиёд аст.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов гуфт, ки дар ин давра варзишгарони вилоят дар 53 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори 270 медали тилло, 249 медали нуқра ва 431 медали биринҷӣ шуданд.

Манбаъ қайд кард, ки варзишгарони хатлонӣ дар ин давра дар 19 мусобиқаи сатҳи  байналмилалӣ иштирок карда, 19 медалли тилло, 8 нуқра ва 27 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, дар 6 моҳи соли равон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 майдончаи варзишӣ ва 2 толори варзишӣ бунёд ёфта, то соли 2021 бояд 300 майдончаи варзишӣ ва 80 толори варзишии дигар бунёд карда шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here