Рузи 17 апрел раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон директори ширкати атласбофии вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аҳмадҷонов Исмоил ва ёрдамчии директори ширкат Абдуғаниев Иномҷонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори раёсати иқтисод ва савдо Мирзоев Д., мудирони шуъбаҳои саноат ва энергетика Ш. Маҳмадалиев ва иттилоотию таҳлилӣ Ф. Саъдуллоев ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди саноатии пилла, тайёр кардани ресмони абрешимӣ ва атласу адрасбофӣ суҳбат намуданд.

Раиси влояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон қайд кард, ки соли сипарии 2018 кирмакпарварони вилоят беш аз 500 тонна пилла истеҳсол карданд, ки 12 тоннаи он дар дохили вилоят коркард шуда 1,6 тонна нахи абрешим истеҳсол карда шудааст. Захираҳои хӯроки кирмаки пилла – тут имконияти дар як сол то ба 900 тонна расонидани истеҳсоли пилларо доро мебошад. Дар ҳолати дарёфти шарикони рушд, ҷалби сармоя, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди саноатии абрешим ва самаранок истифода намудани захираҳои мавҷуда, вилоят метавонад дар истеҳсол ва содироти ашёи тайёри саноати абрешим ва содироти он ба хориҷи кишвар дар байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи хосеро пайдо намояд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки дар ҳолати расидан ба мувофиқаи барои ҷонибҳо мутақобилан судманд, метавонанд дар қаламрави вилоят корхонаи муштараки тайёр кардани маҳсулоти саноатӣ – матои абрешимӣ гарданд ва дар ин замина фоидаи хуб ба даст оранд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт омӯзиш ва гуфтушунидҳоро идома диҳанд.

Добавить комментарий