Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 300 пизишк, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки ин кумакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ меҳнат мекунанд, таъкид намуд, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кори табибон, кормандони миёнаи тиб ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тандурустӣ, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти кормандони соҳаи тиб, қадрдонӣ намудани меҳнати шабонарӯзии онҳо муҳим мебошад. Бинобар ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин, кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбир андешанд.

Чунин кумаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз иборат буд, ба сад нафар табибу ҳамшираи шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид.

Ёдовар мегардем, ки тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here