Дар рӯзи аввали даъвати баҳории наваскарон беш аз ҳазор нафар ҷавон аз Хатлон ихтиёрӣ ҷамъ омада, барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гусел карда шуданд.

Ҳифзи марзу бум ва ҳимояи Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ду маротиба дар ҷумҳурӣ даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҷавононе, ки ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд, аз назди комиссарияти ҳарбии вилояти Хатлон роҳпаймоӣ намуда, то майдони варзишии ДДБ ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар бо рақсу бозӣ ва истиқболи гарми сокинону навозандагон роҳсипор шуданд.

Ба хотири сафарбаркунии ҷавонон ба сафи артиши кишвар дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар чорабинии бошукуҳи тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҷавонон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъ омада буданд.

Дар оғози чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба сухан баромада, қайд кард, ки  ҷавонони мо бояд ҳимоягари манфиатҳои миллӣ бошанд. Чунки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он  вазифаи  муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад», — гуфт ӯ.

Дар маросими сафарбарии наваскарон, волидайн ва ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмат мераванд, сухан карда, ҳимояи Ватанро ба дигарон низ талқин намуданд. Сипас, ҳамчун рамзи қадршиносӣ ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби модарони наваскарон маросими нонгазӣ ба ҷо оварда шуд.  Бояд гуфт, ки дар маросими сафарбаркунии ҷавонон ба сафи артиши кишвар волидон барои адои хизмати софдилона ба фарзандони хеш  дуои нек доданд.

Бо дарки масъулияти баланд имрӯзҳо сафи  ҷавонони ихтиёран шомили Қувваҳои мусаллаҳ гардида, хеле зиёд аст. Ҳамаи ин натиҷаи пешрафт дар соҳаи ҳарбӣ ва шароити хуби хизматӣ дар қисмҳои низомии мамлакат мебошад.

Базми бошукуҳи ҳунармандони Идораи фарҳанги  вилоят ва бахши фарҳанги шаҳри Бохтар табъи  баҳамомадагонро болида сохт ва ҷавонон таҳти суруду оҳангҳои дилнишин рақсида, шукрона аз давлати тинҷу осудаи Тоҷикистон мекарданд.

Добавить комментарий