Имрӯз аз муассисаи ислоҳии сукунатии шаҳраки Ғароутии ноҳияи Дӯстӣ ва муассисаи ислоҳии шаҳри Бохтар тибқи қонуни тозатасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 727 нафар  маҳбус ба озодӣ баромаданд.

дар ин бора  ба хабарнигори “Фараж” ёрвари прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон Давлат Тағоев иттилоъ дод.

Манбаъ зикр кард, ки аз муассисаи ислоҳии  Ят 9/7  Сараёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Бохтар 30 нафар маҳбус озод шуданд. “Инҳо 18 нафар аз боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО), 5 нафар аз маҳкама, 7 нафар аз хоҷагии ёрирасон мебошанд, ки дар байни онҳо ду ноболиғ, як зан  ва як марди куҳансоли аз 77-сола боло ҳастанд”, — илова кард Давлат Тағоев.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки аз муассисаи ислоҳии сукунатии шаҳраки Ғароутии ноҳияи Дӯстӣ имрӯз 697 маҳбуси дигар озод шуданд.

Дар умум, баъди ба имзо расидани  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв”, то имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 1 ҳазору 691 нафар ба озодӣ баромаданд.

dav
sdr
dav

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here