Дар чор моҳи соли 2019-ум ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳо 14 ҳазору 769 нафар шаҳрванди бекор муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 11 ҳазору 987 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 7970 нафар мақоми бекор додаанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Наврӯззода Аслбӣ ба хабаранигори «Фараж» гуфт, ки тибқи нақша бояд дар соли 2019-ум дар вилояти Хатлон 16 ҳазору 902 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд. Вале дар чор моҳи соли равон аз 11 ҳазору 987 нафар шаҳрванди  бекоре, ки ба қайд гирифта шудаанд, ҳамагӣ 6 ҳазору 695 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

— Ҳамчунин, дар ин давра 374 нафар тариқи квота ва  1 ҳазору 218 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ таъмин карда шуданд. Дар ин давра дар вилояти Хатлон 101 ярмаркаи ҷойҳои холии кории озод ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 919 корхона 2 ҳазору 270 ҷойи кории холӣ пешниҳод кардаанд, ки тариқи ин ярмаркаҳо 1 ҳазору 349 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, -гуфт Наврӯззода Аслбӣ.

Зикр карда шуд, ки солҳои охир муроҷиати шахсони бекор ба Раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо хеле зиёд шудааст. «Аммо мо икон надорем ҳамаи онҳоро бо ҷойи кор таъмин созем, зеро бештари ташкилоту идораҳо ҷойҳои кории худро ба мо пешниҳод намекунанд», — гуфт Наврӯззода.

Добавить комментарий