Дар чор моҳи соли 2019-ум 2253 ронандаи воситаҳои нақлиёт барои надоштани иҷозатномаи мусофиркашонӣ ба маблағи 277 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Сардори Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар Қурбоналӣ Халифаев гуфт, ҳамаи ронандаҳои ҷаримашуда онҳоеанд, ки бе иҷозатномаи раёсат ба мусофиркашонӣ машғул буданд.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, 14 ронандаи дигар барои аз меъёр зиёд гирифтани бор ҷарима шуданд, ки 4 нафари инҳо шахсони мансабдор мебошанд.

Ронанандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷаримаҳои ҳангуфти кормандони раёсати мазкур изҳори ташвиш карда мегӯянд, дар шароити кунунӣ пардохтани маблағи ҷаримаи онҳо, ки аз 500 то 1100 сомонист, гарон мебошад.

Добавить комментарий