Наврасони футболбози Тоҷикистон, ки дар дастаи мунтахаби то 16-сола бозӣ мекунанд, дар даври нимфинали Чемпионати Осиё-2018-U-16 бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.

Дирӯз дар вохӯрии чорякфинали Чемпионати футболи Осиё миёни наврасони то 16-сола дар Малайзия дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид ва ҳарифи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври нимфинал гардид.

Футболбозони Австралия низ бар дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ба нимфинал баромаданд, ки дар ин давр бо дастаи мунтахаби Ҷопон бозӣ мекунанд.

Вохӯрии нимфинал  миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая» 4-уми октябр, соати 17:45 ба вақти Душанбе, шурӯъ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони 16-солаи мо дар даври гуруҳии ин мусобиқа аввал бар Малайзия бо натиҷаи 2:6 мағлуб шуданд, сипас бо Ҷопон мусовӣ карданд (1:1) ва дар охир Кореяи Шимолиро мағлуб карданд (4:2).

Добавить комментарий