Фестивали сеюми ҷаҳонии филмҳо дар мавзуи муҳоҷират аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии СММ доир ба муҳоҷират дар бештар аз сад кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Фестивал ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки ҳамасола 18-уми декабр қайд мешавад, бахшида шудааст.

Фестивал дар Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 бо намоиши филми «Дар як қаиқ», ки чеҳраҳои инсонии буҳрони муҳоҷирон дар Баҳри Миёназаминро нишон медиҳад, оғоз шуд. Намоиши филмҳои дигари фестивал дар Тоҷикистон дар оғози соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Замон ва макони намоишҳои соли 2019 дар саҳифаи СБМ Тоҷикистон дар Фейсбук эълон хоҳад шуд.

Имсол, дар фестивал филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки чолишҳо ва имкониятҳои муҳоҷират ва ҳамчунин, саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои навашонро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳадафи фестивал баррасии фаъолонатари яке аз падидаҳои бузургтарини замони мо мебошад.

Кристина Ҷорҷ Транка, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Филмҳо зиндагиҳои гуногунро аз мавқеъҳои гуногун нишон дода метавонанд, ки дар навбати худ ба бинанда имкон медиҳад, то бо дарки бештар вориди мавзӯъи муҳоҷирон гардад, воқеъияти онҳоро, ниёзҳояшонро, имкониятҳо ва ояндаашонро беҳтар фаҳмад. Фестивал ба мо замон ва макони мувофиқеро фароҳам меорад, то фикри ҳамватанонамонро бикунем ва тамосҳо миёни кишвари асл ва кишвари мизбон ва ҷомеаву муҳоҷиронро нигаҳ дорем. Барои Тоҷикистон низ муҳоҷират мавзӯъи нав нест, чунки дар ин ҷо мушкил аст касеро дарёфт, ки зиндагияш ба шакле зери таъсири муҳоҷират қарор нагирифта бошад. Ба андешаи мо, филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ба мардум ёрӣ медиҳад, то доир ба ин падида тасаввуроти рӯшантар пайдо кунанд”.

Тӯли солиёни зиёд, филмҳо манбаъи иттилоот, тафреҳ, таълим ва оғози баҳс мебошанд. Бо назардошти ин, дар соли 2016, СБМ, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират, Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷиратро роҳандозӣ кард. Филмҳо метавонанд ба ҳайси василаи омӯзишӣ истифода шаванд, чунки онҳо ба дарк ва муносибат таъсир мегузоранд. Филмҳо, ҳамчунин, метавонанд барои баҳсҳои эҳтиромона ва ҳамкориҳо имконият фароҳам оранд.

Добавить комментарий