Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муминобод муроҷиат намудааст, ки 20-уми августи соли 2017, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Алишер” 18 сар чорвои майдаи шохдор, ки арзиши умумиашон 14 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Кӯлобро, ки пеш бо моддаҳои 200 қисми 3 ва 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе марди 38-солаи сокини пойтахт муроҷиат кардааст, ки 22-юми августи соли 2017 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Алфа”, ки арзишаш 1 800 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаааст.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздии телефони мазкур дастгир карда шудаанд.

Добавить комментарий