Хони тоҷикиро бе нон наметавон тасаввур кард, ҳатто оши палавро аксарият бо нон мехӯранд. Дар байни тоҷикон нон муодили худро надорад ва нахоҳад дошт. Дар Душанбе вақтҳои ахир занҳо остин барзада бо пешаи нонвоӣ ризқу рӯзӣ меёбанд. Гарон шудани нархи орд ба кори онҳо чӣ таъсир расонд?

Дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Сино чанд нуқтаи нонфурӯшӣ кор мекунад ва фақат занҳо сари танӯр истода, нон мечаспонанд. “Чапотии очагӣ, гирдача, нони гандумӣ, кулча” чунин ном доранд, нонҳое дар ин ҷо пухта мешавад ва аз нони хонагӣ фарқе надоранд.

– Мо нав кори худро сар кардем, ҳоло як сол нашудааст, нархи орд аз 200 сомонӣ ҳам зиёд шуд, аммо мо натарсида корро пеш бурдем, мардум ба нони нонво ниёз дорад, онҳо маҷбуранд, бе нон намешавад, гарон шудани орд пеши роҳи моро нагирифт. Бори вазнин ба сари халқ аст, ки нархи нон гарон шавад ҳам хариданаш зарур аст, – гуфт холаи нонво, ки нахост номаш зикр шавад.

Ба чанд нонвойхонаи дигар ҳам бо суоли “Оё гарон шудани нархи орд кори шуморо кушт?”, муроҷиат кардем, ки посухҳо ба ҷавоби аввалӣ монандӣ доштанд. Маълум мешавад, ки истеъмоли  нон – зеби хони тоҷик, ҳеҷ кам намешавад. Бо вуҷуди гарон шудани нарх ҳам, баръакс ин маҳсулот дар сабади истеъмолӣ ҷойшро мустаҳкамтар хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here