Як сокини пойтахт ва истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо сабти видеоии қоидавайронкунии ронандагон ва ирсоли он аз милитсияи пойтахт хоҳиш кардааст, то пеши роҳи чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракати роҳ гирифта шуда, нисбати ронандагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷа муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикос гардида ошкору муайян карда шуда, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда, муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар навор инъикосёфта ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳро содир намудаанд.
Вобаста ба ин нисбати ронандагони зерин бо моддаи 318 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Давлатов Комил Музаффарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-200», рақами қайди давлатияш 100 XD 01


Ибрагимов Дилшод Туйчиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-350», рақамаи қайди давлатияш 6688 GG 01

Фозилов Қобилҷон Ҳокимович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатияш 4444 В0 03

Юсупов Марадона Кинонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-300», рақами қайди давлатияш 3736 НА 01

Файзуллоев Шавкатилло Нигматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-сиело», рақами қайди давлатияш 4504 НР 01

Ҷамолиддини Мадиброн Икромзода – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21214», рақами қайди давлатияш 917 ZB 01

Добавить комментарий