Корхонаи ангишистихроҷкунандаи “Шахтаи Фон-Яғноб” воқеъ дар минтақаи Фони ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби буҷети худ 2 адад дастгоҳи нафаскашӣ (ИВЛ) бо маблағи 28 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда, ба беморхонаи марказии ноҳияи мазкур тақдим кардаааст. Дар ин бора Вазорати саноати ҷумҳурӣ иттилоъ додааст.

Ин манбаъ зикр кардааст, ки корхонаи “Шахтаи Фон-Яғноб” дар баробари кӯмак ба беморхонаи марказӣ, 150 ҳазор сомонии дигар ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия гузаронидаааст.

Дар ҳамин замина корхонаҳои “Ангишти Камароб” – 2 ҳазор сомонӣ, “Ангишт” ва “Комбинати металлургии тоҷик” – 10 ҳазор сомонӣ ба ин суратҳисоб кӯмаки маолӣ гузаронидаанд.

Добавить комментарий