29-уми январ, тахминан соати 18:45, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе — Қалаи Хумб — Хоруғ”, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон Худододов Суҳроб Мамаднабиевич, соли таваллудаш 1978, Маъзамова Бунафша Бороновна соли таваллудаш 1975, Маъзамова Маҳина Бороновна соли таваллудаш 1990, Абдуллозода Алиҷони Орзӯ соли таваллудаш 2013, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновна соли таваллудаш 1982, Давлатзода Абубакри Отамбег соли таваллудаш 2012 Давлатзода Нигинаи Отамбег соли таваллудаш 2013, Давлатзода Усмони Отамбег соли таваллудаш 2016, Давлатзода Умари Отамбег, соли таваллудаш 2015, сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Куканиев А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here