Субҳи имрӯз дили донишманди варзидаи тоҷик, забоншиноси маъруф, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Чанд рӯз пеш як манбаъ аз факултети рӯзноманигории ДМТ хабар дода буд, ки устод Камолиддинов бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ аст ва дар хона табобат мегирад. Дар хабар аст, ки духтари эшон низ пас аз бемории кӯтоҳе чашм аз дунё бастааст.

Баҳриддин Камолиддинов 5-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин бо дипломи сурх аз соли 1959 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст ва соли 1991 соҳиби унвони илмии профессор мебошад. Солҳои зиёде ҷонишини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ҳоло профессори ҳамин кафедра аст.

Нахустин рисолаҳои илмиаш бо унвонҳои “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим” солҳои шастуми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Солҳои минбаъда рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (Д.,1973), ки ба забони дарӣ дар Афғонистон ду маротиба чоп шудааст, ду маҷмӯи машқҳо доир ба наҳви забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф, 1978, 1982), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Услубшиносӣ” (ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003),

“Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (Китоби дарси барои хонандагони синфи 11 (2007), “Наҳви забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филология, журналистика ва забонҳои Шарқ, 2010), “Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языка (2010), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2013)

Инчунин бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии “Тарҷума ва балоғати сухан” (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ба табъ расидаанд.

Бар замми ин, дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ беш аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, беш аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст. Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад. Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар давоми солҳои 1998-2011 ба ҳайси узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Инситути илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоиста намудааст. Номбурда ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) хидмат кардааст. Баҳриддин Камолиддинов ба ҳайси сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагон (тоҷику ғайритоҷикзабон)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ба сифати мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрдам кардааст. Таҳти роҳбарии Баҳриддин Камолиддинов 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Добавить комментарий