Дар пайи даргириҳои рӯзи 8-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд. Ин ду нафар сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин ва Фазлиддин Фозилов мебошанд. Дар ин бора сухангӯи шаҳрдории Исафара Иқбол Тешаев хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки аввалӣ, ҳангоми сангпартоӣ аз сар захми шадид бардошта, дигарӣ аз тири силоҳи шикорӣ шадидан маҷруҳ шудааст. Бино ба иттилои сухангӯи шаҳри Исфара, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд “худсарона ва дидаву дониста” ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ дода навиштааст, ки “Сарҳадчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор гардиданд”.

Феълан вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқиша ва тирпарронию сангандозӣ мӯътадил арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад Sputnik ва аз қавли раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон менависад, ки дар робита ба вазъияти баамаломада бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо зимни сӯҳбати телефонӣ қазияи марзиро баҳсу баррасӣ намуда барои ошкор намудани асли воқеа гирд омадани ҳар ду ҷониб сари мизи муколамаро зарур шумориданд.

“Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки нерӯҳои иловагиро аз ҷои ҳодиса кӯч диҳанд”, – омадааст дар хабар.

10-уми май вобаста ба ин ҳодиса бо иштироки роҳбарони манотиқ, сохторҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар мулоқот баргузор хоҳад шуд.

Добавить комментарий