Мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 22-и шаҳри Самарқанд аз ҳарвақта дида ороставу серодам буд. Дар ин ҷо маросими “Занги аввал” мегузашт, аммо ҳодисаи марғуб ва дилошубе, ки гуфта мешавад, теъдоди зиёди одамонро ба ин ҷо оварда буд, ифтитоҳи як синфи тоҷикӣ буд.

— Кайҳо татбиқи ин нақшаро мадди назар гирифта будем. Имсол бо мусоидати директори мактаб Нодирахонум Ҳайдарова ва як гурӯҳ падару модарони равшанзамиру фарҳангдӯсти шаҳрамон ба кушодани боз як синфи тоҷикӣ дар мактабҳои қаламрави шаҳри Самарқанд комёб шудем ва рӯҳи устоди бузургамон Садриддин Айниро шод намудем, — мегӯяд бо ифтихор яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ Амина Шарофиддинова.

Ба гуфтаи ӯ, акнун дар мактаби номбурда лаҳни гуворои тоҷикӣ бештар садо медиҳад ва кӯдакони дӯстрӯяк аз тарғибгарони асосии ин забони ноб мегарданд.

Мактаби рақами 22-и Самарқандшаҳр аз маърифатгоҳҳое шумурда мешавад, ки соли 1936-и қарни гузашта арзи вуҷуд кардааст. Онро беш аз ҳафтод ҳазор шогирдон хатм кардаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки теъдоди афроде, ки аз шумори умумии хатмкунандагони ин мактаб касби омӯзгориро интихоб кардаанд, зиёда аз сесад нафарро ташкил мекунад.

— Дар ин мактаб шахсиятҳои машҳур таҳсил кардаанд, ки номи онҳоро ҳар як фарди тоҷик бо ифтихор ба забон мегирад. Фарзанди устод Садриддин Айнӣ — Камол Айнӣ ва нависандаи маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев маҳз хатмкунандагони ҳамин мактаб буданд. Гузашта аз ин, дар мактаби мазкур шаш академик, бисту ҳафт доктори фан, бештар аз навад номзади илм дарс кардаанд, ки ҳар кадомашон дар соҳаҳои гуногун пажуҳишҳои илмӣ анҷом додаанд ва дар пешрафти илму фарҳанг нақши муассир бозидаанд, — изҳор дошт Амина Шарофиддинова.

— Ин ҳодисаи муҳими фарҳангист, аммо шояд каме ҷанбаи сиёсӣ низ касб намояд, зеро муддати дароз мактабҳои тоҷикии зиёд аз байн рафтанд. Хушбахтона, бо ба сари қудрат омадани мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди кушодашавии синфҳои тоҷикӣ дубора дар минтақаҳои мухталифи кишварамон аз сар гирифта мешавад ва шаҳри Самарқанд низ аз ин раванд дар канор нест. Инро хеле фоли нек мешуморам, — мегӯяд рӯзноманигори самарқандӣ Зоҳир Ҳасанзода.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Самарқанд

Добавить комментарий