Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ то ҷашни Наврӯзи соли 2020-ум 10 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд, ки харҷи онҳо беш 430 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мудири бахши меъморӣ ва ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Сайдалӣ Маҳмуродов гуфт, ки бештари иншоотҳои ҷашнӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда мешаванд.

Ба гуфти ӯ, аз ҷониби соҳибкорон меҳмонхонаи чорошёна, корхонаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази хизматрасонӣ бо 20 ҷойи корӣ, муассисаи таълимии томактабии хусусӣ барои 200 кӯдак, чойхонаи миллӣ ва тарабхона бунёд мешаванд, ки ҳоло сохтмонашон идома дошта, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷуз аз ин, то ин ҷашн корхонаи истеҳсоли бинт ва нуқтаи хизматрасонӣ, корхонаи басту банди семент бо 100 ҷойи кори бо харҷи 360 миллион сомонӣ, бинои маъмурии прокуратура, бинои иловагии осорхона, китобхона, матбаа ва барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳраки Балх бо маблағи 56 миллион сомонӣ сохта хоҳанд шуд.

– Маблағи умумии 10 иншооте, ки то ҷашни Наврӯз дар ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд, беш аз 430  миллион сомониро ташкил медиҳад, – илова кард ӯ.

– Баъди ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, ки ин дар коҳиш додани сатҳи бекорӣ миёни аҳолӣ мусоидат хоҳад кард, – зикр кард Сайдалӣ Маҳмуродов.

Добавить комментарий