Шаби 8 ба 9-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иғвои навбатӣ роҳандозӣ шуд, то мардум ба шӯр оянд, хабар медиҳад сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев.

Бино бар иттилои аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ расида, шаби 8 ба 9-уми июн аз ҷониби ашхоси номаълум, ки хостгори низоъангезӣ буданд, дар ҳудуди маҳалли қирғизнишини Говсор (Гавсар ё Говсор, ки қирғизҳои ҳамсоя онро ба таври худ Кок-Терик меноманд), дар сари роҳ ду мошини боркаш хок рехтанд ва байни аҳолии қирғиз овоза паҳн карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамзамон бо таъмиру азнавсозии роҳи ин ҳудуд азми азхудкунии ин роҳро дорад. Дар натиҷа мардуми ин маҳалли қирғизнишинро ба шӯр ва изтироб оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин иғво хеле моҳирона тарҳрезӣ шудааст, чунки имрӯзҳо мақомоти маҳаллии ҷониби Тоҷикистон воқеан ҳам таъмири ҷузъии қитъаи роҳи Сурх – Хоҷаи Аълоро дар самти роҳи Исфара – Ворух, ки ҳолати басо ногувор дорад, оғоз кардааст, аммо таъмири қитъаи 200 метраи маҳаллаи Говсор дар ин нақша пешбинӣ нашудааст.

Тавре аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ хабар доданд, пас аз вокуниши саривақтии мақомоти марбутаи мо ва собит шудани далели он, ки дар ин хокрезӣ ҷониби Тоҷикистон даст надорад, ҷониби Қирғизистон хоку шағалҳои партофтаашонро худ тахту ҳамвор карданд, ки аксу наворҳо ин воқеиятро бозгӯӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқ ба муқаррароти протоколҳои Комиссияҳои байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делемитатсия ва демаркатсия аз 17.03 ва 06.04 соли 2019 таъмини амну суббот, тартиботи ҷамъиятию амнияти шаҳрвандон дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ бар ӯҳдаи патрулҳои муштараки корҳои дохилӣ вогузор шудааст.

Мутаассифона, бар хилофи қарордоду протоколҳои байниҳукуматӣ низомиёни бо яроқ мусаллаҳи ҷониби Қирғизистон дирӯз дар шоҳроҳи самти Чоркуҳ – Хоҷаи Аъло – Ворух, ки аз байни маҳалҳои аҳолинишин мегузарад, озодона гаштугузор карда, ба равуои озодонаи шаҳрвандони Тоҷикистон халал мерасонданд ва дар як вақт оромию суботи маҳалҳои наздисарҳадиро таҳти суолу шубҳа қарор медоданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here