Шоми эҷодии шоири ҷавону умедбахши тоҷик Адибаи Азиз, ки шоми рӯзи гузашта, 25-уми июн, дар  чойхонаи “Роҳат”и Душанбе баргузор гардид, адибон, рӯзноманигорон, намояндагони сафорати кишварҳои хориҷӣ ва пайвандони шоирро ба ҳам овард.

Дар ин шоми эҷодӣ, ки бо ташаббуси сафири кишвари Фаронса дар Тоҷикистон хонуми фарҳангӣ Ясмин Гуедар баргузор карда шуд, китоби ҳафтуми ашъори Адибаи Азиз, шоири ҷавону урёнгӯй, бо номи “Дар кӯчаҳои Порис” рӯнамоӣ гардид.

Адиба мегӯяд, ин китоб маҳсули дидаву шунидаҳои воқеияш аз кӯчаву хиёбонҳо ва маконҳои зебову таърихии шаҳри афсонавии Порис (Фаронса) аст.

Дар сарсухани китоб, ки ба қалами хонум Ясмин Гуедар тааллуқ дорад, Адиба “шоири ҷавону боистеъдод, ошиқи зиндагӣ, ошиқи баҳору шақоиқҳои ваҳшӣ ва мафтуни садбаргҳои арғувонӣ” унвон шудааст. Хонум Гуедар, ки худ шеър ҳам мегӯяду ошиқи шеъру шоирон аст, зебоиро дӯст медорад ва зиёд аз зебоиҳо мегӯяд. Ӯ ҳамчунин, таъкид месозад, ки “бояд дасти шоиронро бигирему ва дар қалби шаҳрҳо чун нигин ҷойгоҳашон бубахшем ва ба гӯши оламиён бирасонем, ки бидуни шоирон мо наметавонистем, ба ин мақому мартабаи кунуниямон бирасем”.

Шоир Адиба бо алам аз рӯзноманигори варзида, шодравон устод Султон Ҳамад ёдовар шуда, ба ҷамъи адибону рӯзноманигорон пешниҳод кард, ки ба шарафи ин марди сухан ва адиби пурмаҳсул ҷоизае бо номи «Султони сухан» таъсис дода шавад. Ӯ иброз дошт, ин ҷоиза соле як маротиба, тариқи озмун ба рӯзноманигорони ҳақиқатгӯ, муҳаққиқон, адабиётишиносон ва онҳое, ки ба илму сухан сарукор доранд, дода шавад.

Китоби “Дар дар кӯчаҳои Порис”-и Адибаи Азиз таҳти сарпарастии инфиродии сафир Ясмин Гуедар нашр шудааст. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, сарояндаи хушсадои беунвони тоҷики муқими Қазоқистон Далер Назаров низ ширкат дошт.

Добавить комментарий