Дар назар аст, Бунёди Оғохон бо ҷалби сармояи шарикон дар болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон пули нав сохта ба истифода диҳад.  

Гуфта мешавад, дар созишнома сохтмони пули 180-метра бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он (18,5 км) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон пешбинӣ шуда, пули нав ноҳияи Фархорро бо ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон мепайвандад.

Лоиҳаи созишнома миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар кишвар дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули нав аз ҷониби ҳукумати кишвар маъқул шуморида шудааст.

Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби ин лоиҳа аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархор роҳи автомобилгарди 50-километра сохта ба истифода дода мешавад.

Дар назар аст маблағгузорӣ ба лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва Барномаи минтақавии ҳамгиройии Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон карда шавад.

Добавить комментарий