Ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро аз 28 майи соли равон дубора ба минтақаи “сурх” дохил карда шуд. Дар айни ҳол ҳамаи роҳҳои вуруд ва хуруҷ ба ин ноҳия баста шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба хабари ин манбаъ, мутахассисон шахсонеро муайян мекунанд, ки бо ин аъзои хонавода вориди мулоқот шудаанд. Гуфта мешавад, ашхоси зайл низ якҷо бо сироятшудагони ин вирус муддати 14 рӯз дар шифохонаи махсус мавриди муоинаву муолиҷа қарор хоҳанд гирифт.

– Басташавии роҳи байни ноҳияи Шофиркон бо шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мардуми зиёд мушкилоти ҷиддӣ эҷод хоҳад кард, аммо риояи қоидаҳои карантин барои ҳар як шаҳрванди кишварамон ногузир ва ҳатмист, – мегӯяд сокини ин ноҳия Сӯҳроб Олимов.

Ноҳияи Шофиркон зодгоҳи модари устоди бузург Садриддин Айнӣ мебошад. Сӯҳроб Олимов тазакур медиҳад, ки мувофиқи навиштаҳои устод падару модари он кас низ маҳз аз пахши балои вабо ҷон ба ҷонофарин супурдаанд.

– Худо накунад, ки дар ин асру замон мардум аз балои коронавирус ҷон бозанду азият кашанд. Барои ҳамин мо бояд худ ва атрофиёнро эҳтиёт кунем, дар акси ҳол такрор шудани ҳодисаҳои як асру ду аср пеш аз эҳтимол дур нест, – бо эҳсоси нигаронӣ мегӯяд Сӯҳроб Олимов.

Дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон теъдоди умумии ба коронавирус сироятшудагонро 3463 нафар эълом намуд. Гуфта мешавад, ки аксари сироятшудагони ин вирус ронандагони мошинҳои борбари байналмилалӣ ва афродеанд, ки аз мамолики хориҷа бармегарданд.

Аз ҷумла, 10 шаҳрванди Ӯзбекистон дар шаҳри Шарҷаи Арабистон ба бемории коронавирус стироят шудаанд. Боз ду нафари дигар низ зимни мулоқот бо ин беморон сироят шудаанд. Ба ин тартиб, пахши коронавирус ҳанӯз дар Ӯзбекистон ба давраи ниҳоии худ нарасидааст.

Дар ин шабонарӯз 100 нафар сокини вилояти Андиҷон, воқеъ дар водии Фарғона, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Онҳо маҳз шахсонеанд, ки бо ронандагони мошини боркаши байналмилалӣ аз наздик тамос доштаанд ва худро ба вируси бемории хатарнок сироят кунонидаанд.

Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон дар ин робита мегӯяд, ки ду ронандаи мошини боркаш  бидуни он, ки аз назари мутахассисон гузаранд, худсарона ба назди пайвандони худ рафтаанд ва чунин натиҷа ба бор омадааст. Акнун ин сад нафар низ ҷудо аз хонаву дар ва аъзои хонаводаҳояшон бояд 14 рӯзи худро дар карантин бо риояи қоидаҳои махсуси гигиенӣ сипарӣ кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here