Як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт гардида, нисбаташ бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод.

Манбаъ аз боздоштшуда майори хизмати дохила Алибоев Алишер Абдуҷабборович ном бурда, мегӯяд, мавсуф дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 8000 сомонӣ дастгир шудааст.

Ба гуфтаи Агентӣ, Алишер Алибоев то замони боздошт ба ҳайси муовини сардор оид ба ҳайати шахсии Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард ва 8000 сомониро «аз шаҳрванд «А» барои аз муассисаи мазкур ба муассисаи ислоҳӣ нагузаронидани маҳкумшуда «Б» гирифтааст».

Оид ба ин ҳолат санаи 25 феврали соли равон нисбати Алибоев А. А. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Добавить комментарий