Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар  дар шаҳри Бохтар биноҳое, ки солҳои пеш сохта шуда буданду ҳоли хароб доштанд,  бо дасгирии аҳолӣ ва ширкати хонаҳои шаҳр таъмиру навсозӣ мешаванд.

Директори корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилии шаҳри Бохтар  Махфират Садирова гуфт, ҳоло дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 345 бинои баландошёна ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 270 бино дар ихтиёри корхонаи онҳо мебошад. Ба гуфти, ӯ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар соли гузашта 46 бинои баландошёна рангубор карда шуда, дар 2 моҳи соли равон 5 бино таъмир карда шудааст.

Барои рангубори як бинои баландошёна беш аз 17 ҳазор сомонӣ сарф мешавад, ки қисме аз ҳисоби сокинон ва боқимонда бо маблағҳои худи  корхонаи фаръии давлатии таъмиру истифодабарии иншооти манзилиии шаҳри Бохтар  мебошад.

Махфират Садирова зикр кард, ки дар се соли оянда 170 бинои бландошёнае, ки дар мувозинати ин корхона мебошанд, пурра аз таъмир бароварда мешаванд.

Добавить комментарий