Ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Бохтар волидони хонандагонро нигарон кардааст.  Волидон аз муассисаи таълимии №12-и шаҳри Бохтар аз ҷамъ овардани маблағи 40 сомонӣ аз ҳар хонанда шиква карданд.

Барои дақиқ кардани кардани ин ҳолат хабарнигори “Фараж” ба муассисаи таълмии №12  шаҳри Бохтар, ки дар он наздик ба ду ҳазор хонанда таълим мегиранд, рафт. Дар ин масъала бо Давлатзода Зайдулло суҳбат кардан хост, аммо ӯ аз додани иттилот даст кашида, танҳо гуфт мо бе иҷозати мудири шуъбаи маориф бо касе суҳбат нахоҳем кард.  Ӯ гуфт: ”То аз боло супориш нашавад ,ман ба шумо маълумот намедиҳам”.

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Забирзода Қурбонбӣ гуфт, ягон дастур надодааанд, ки намояндаҳои мактабҳо бо ВАО ҳамкорӣ накунанд. Мудири маориф ҷамъоварии маблағро инкор карда, гуфт, ҷамъ овардани маблағ аз хонандагони муассиаҳои таълимӣ ғайриқонунист. “Ҳар кас бо ихтиёри худ метавонад ба қадри зарурӣ ба муассиа кумак кунад. Мо касеро барои ҷамъоварии маблағ маҷбур накардааем”, — гуфт Забирзода.

Ин дар ҳолест, ки шикояткунандагон аз муассисаҳои таълмии шаҳри Бохтар ба мо гуфтанд, ки алакай ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳо аз хонандагон шуруъ шудааст.

Модари як хонанда гуфт, ки фарзанди ӯро муалимаашон маҷбур кардааст, ки 40 сомонӣ барои таъмир орад. “Мо иҷорашин ҳастем, шароити пардохти чунин маблағро надорем. Хуб мешуд, аз оилаҳои камбизоат маблағ талаб намекарданд”, — мегӯяд ин зан.

Ба иттилои раисда аз Раёсати молияии шаҳри Бохтар  аз ҳисоби буҷети шаҳр барои таъмири мактабҳо беш аз 458 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст ва ин мбалағ барои таъмир ҷудо карда хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки аз буҷет маблағ барои таъмир ҷудо карда мешавад, пас чаро хонандагон бояд пул диҳанд?

Як ҳайати  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли гузашта дар як ҷаласааш ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳоро расман манъ карда, чунин амалро “ғайриқонунӣ, нодуруст” ва ҷиноят  хонд. Оё ин гуфтаҳои масъулони Вазорати маорифи кишвар ба маорифчиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ дахл дошта бошад?

Добавить комментарий