Шаҳри Бохтар азм дорад, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки дар таҷлилаш рузҳои башумор боқӣ мондааст, 18 иншоотро ба истифода диҳад.

Ба иттилои  сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Ятимзода Валиҷон иншооти азиме, ки то ин ҷашн ба истифода дода мешаванд, Корхонаи фаръии «Хоҷагию комуналӣ», сехи истеҳсоли шарбат, чойхона, ошхонаи «Шоми Бохтар», коргоҳи дӯзандагӣ, бинои иловагии 4-ошёнаи таьлимии Колеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар мебошанд.

Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо маром давом доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here