Ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон,  шуъба ва бахшҳои он дар нимсолаи авали соли равон 22 ҳазору 524  нафар шахси бекор муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 18 ҳазору 668 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 12040 нафар мақоми бекор дода шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур хабар доданд.

Ба иттилои раисида, дар ин мудат 11 ҳазору 997 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Тариқи гузаронидани 172 намоишгоҳ 2123 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Дар ин давра ҳамчунин аз рӯи 34 ихтисос 4755 нафар бекор ба бозомӯзӣ ҷалб карда шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ гардидаанд.

Ҳамчунин, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон дар нишасти матбуотиаш хабар дод, ки дар нимсолаи авали соли 2019-ум, дар вилояти Хатлон 18934 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 4054 ҷойи корӣ ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ 14880 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Вале бо таъмин шудани наздик ба 19 ҳазор сокини вилояти Хатлон бо ҷойи кор, то кунун бозори  занони корҷӯ, ки дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ меоянд, гарм аст.

Ин дар ҳолест, ки муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зоирзода, зимни як сафари кориаш ба вилояти Хатлон аз ташкили бозори муздурзанон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, изҳори ташвиш карда, масъулонро супориши қатъӣ дод, ки ба ин масъала расидагӣ кунанду ҳарчӣ зудтар  занони муздурро бо ҷойи кор таъмин созад.

Ҳамчунин, Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон, низ зимни як нишасти матбуотиаш аз ташкили мардикорбозор, дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар, ёдовар шуда гуфт, «Барои мову  шумо мардон ин  ору номус аст, ки занони мо дар куча баромада ба мардикорӣ машғул шаванд».

mde

Раиси вилояти Хатлон афзуд, «мо ваъда намедиҳем, ки дар як ё ду рӯз ин масъала бартараф карда мешавад, аммо кӯшиш мекунем ҷойҳои нави кориро зиёд намуда, бозори мардикорзанонро аз байн барем. Ва бояд сари ин масъала тамоми роҳбарони ташкилоту идораҳо чораҷӯӣ намоянд».

Ҳамчунин, раиси вилоят бо нигаронӣ гуфт: «Бояд ҳар роҳбари ташкилоту идораҳо фиқр кунанд, ки дар ҷойи инҳо зани ӯ ё хоҳару  модари ӯ истодааст». Аз ин рӯ тамоми роҳбарон супориш гирифтанд, ки сари ин масъалаи мубрам чораҷӯӣ намуда, занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Дар ҳамин ҳол, барои таъмин намудан  занон бо ҷойи кор, ки беш аз 5 сол аст ба муздурӣ машғуланд, масъулон то кунун чорае наандешидаанд. Ҳамон манзараи панҷ сол пеш дар шаҳри Бохтар мушоҳида мешавад, ки занҳо дар ҳавои гарму сард барои дарёфти рӯзӣ ба «мардикорбозор» меоянд. Суоли матраҳ ин аст, ки  чаро супоришҳо иҷро намешаванд?

Добавить комментарий