Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд.

Аз ҷумла дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус — ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.

Агар дар Кодекси амалкунанда барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ мегардид, дар лоиҳаи пешниҳодгардида андозаи ҷарима 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ гардидааст. Барои такроран дар давоми сол баъди таъйин намудани ҷазои маъмурӣ содир намудани ин кирдор бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Тағйироте, ки ба моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои пурзӯр намудани ҷазо нисбати  шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё  дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд.

Аз ҷумла, барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ  боиси марги инсон ё расонидани  зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол  пешбинӣ карда мешавад.

Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахсон гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.

Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ  идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи   аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки Кодекси амалкунанда фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишодиҳанда барои ҳисобҳоро (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ менамуд.

Дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, ба моддаи 50 Кодекси ҷиноятӣ пешниҳод гардидааст.

Ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйиротҳо ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оиди манъи ба муассисаҳои таълимӣ  бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён пешниҳод гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ  бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълими бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.

Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намоянд ва риояи онро аз ҷониби фарзандонашон таъмин намоянд. Риоя накардани ин талабот барои аз вазифа озод намудани хизматчии давлатӣ асос мегардад.

Добавить комментарий