“Мо аз ҷойгоҳи худ берун баромадан наметавонем, бисёр мушкил аст, агар адабиёти Аврупо, Амрико, форсӣ ва арабӣ ба олами Ғарб осонтар муаррифӣ гардад, аммо мо то ба онҳо расидан ба бисёр душворӣ дучор мегардем, чунки тарҷумони хуб надорем ва тарҷума кардан ҳам наметавонем ва ба  як кас пешкаш кардан наметавонем. Ин бисёр мушкил аст ва ба ҳамин хотир мо дар деги худ меҷӯшем”  – гуфтааст Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар мусоҳибае, ки ба муносибати 80- умин солгардаш ҳафтаномаи “Самак” № 5 (430) чоп кардааст.

Сармуҳаррири Маркази тарҷумаи бадеӣ дар назди ИНТ Абдураҳмони Абдуманнон вобаста ба таъкиди нависанда чунин гуфт: «Гилае, ки устод Сорон кардааст, то андозае дуруст аст, тарҷумони рус, англис, ё арабе, ки  соҳибзабон бошаду аз ҳунари нависандагӣ ҳам бархурдор, қариб надорем, имрӯз дар худамон Искандар Ҳамроқулов, Нурӣ Рабимдухт, Ҷамила Мурувватиён, Фирдавс Табарӣ, Мансури Суруш, Хуршеда Даврондухт барин тарҷумонҳое ҳастанд, ки дар сатҳи зарурӣ аз тоҷикӣ ба русӣ асарҳои мансурро тарҷума мекунанд. Бо далели он ки тарҷумони соҳибзабон надорем, ба усули тарҷумаи таҳтуллафзӣ рӯ овардем, алҳол тарзи тарҷумаи филологӣ низ серистеъмол аст, чун дар Эрон низ ин усул корбурд мешавад, ки ба тарҷумаи бадеӣ як зина наздик аст».

Солнома бо номи “Литературный Таджикистан” таъсис додем, ки шумораи аввалаш аз чоп баромад ва дуюмаш дар дасти чоп аст, – гуфт сармуҳаррир. – Тарҷумаи маҷмӯаи ҳикояҳои беҳтарин адибони тоҷик  ба забони русӣ ва ӯзбекӣ  оғоз шудааст, ки шуъбаи тарҷумаи адабиёти Шарқу Ғарб ҳамарӯза орро пеш мебарад.

– Соли 2019 китоби қиссаву ҳикояҳои Абдулҳамиди Самадро ба забон русӣ тарҷума кардем, ки он дар нашриёти “Русская литертура” аз чоп баромад. Тасмим ҳаст, ки маҷмӯаи ҳикояҳои адибони барҳаётро ба англисӣ тарҷума кунем. Намунаи ашъори шоирони имрӯзаи тоҷикро низ дар ҳамкорӣ бо Сафаратхонаи Арабистони Саудӣ ба забони  арабӣ тарҷума карданием, ки ба наздикӣ нашр хоҳад шуд, –  аз раванди фаъолият ёдрас шуд ӯ.

Дар бобати ҷалби кадрҳои нав ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки таҳкурсии донишҷӯёни риштаи тарҷумонӣ ниҳоят суст аст. Бояд ба онҳо муаллимоне, ки дарси амалии тарҷумаро медонанд, сабақ диҳанд. Марказ омадааст, ки дар ин самт бо кадрҳои нав корбарӣ кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here