Чанд моҳ қабл дар нашрияи «Фараж» (№11 (580) аз 14 марти соли 2018) дар бораи роҳҳои вайрону садамавии ноҳия Ёвон матлаб дарҷ шуда буд. Дар матлаби мавриди зикр ҳамчунин дар бораи роҳҳои ифлоси канории маркази ноҳия ишора шуда буд. Бо гузашти моҳҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати бартараф кардани проблемаи зикршуда ягон чора андешида нашуд. 

Хушбахтона, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон корҳои ободонӣ рангу ҷилои нав гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон оғоз гардид.  

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки Ёвон мувофиқи меъёрҳои  муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа 16 километрро дар бар мегирад ва он бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонанҷом дода шавад. 

Дар асоси тарҳи навсозии 16 километр роҳи ҳудуди шаҳраки Ёвон паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, он мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ амалӣ мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла,  “Ғаюр-1” иҷро шуда, дар ҷараёни он техникаҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд. 

Аснои сафар ба ин ноҳия ба хабарнигори «Фараж» даст дод, ки аз ҷараёни корҳои навсозии роҳҳои ноҳияи Ёвон аз наздик шиносоӣ пайдо кунад. 

Қисмати роҳи ба ширкати «Ғаюр- 1» вобаста кардашуда  5 км-ро дар бар гирифта, аллакай аз ҷониби роҳсозони ширкат зиёда аз 1,5 км роҳ пурра мумфарш карда шудааст. Ҳамарӯза дар қитъаҳои вобастакардашудаи ширкат 15-20 роҳсоз бо ҷӯшу хурӯш ба корҳои сохтмонии роҳ машғул мебошанд. То имрӯз аз ҷониби ширкати «Ғаюр-1» барои корҳои роҳсозӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Маоши миёнаи роҳсозон 1500 сомониро ташкил дода,  онҳо бо се вақт  хӯроки гарм ва сару либоси корӣ таъмин шудаанд. 

Бибиҷон АШӮРОВА

Добавить комментарий