Дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 6-ноябр дар кишварамон таҷлил мегардад, 50 нафар ҷавони фаъоли шаҳри Душанбе аз Маҷлиси намояндагон дидан карданд.

Дар назди  ҷавонони мамлакат вакилони Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода,  Баҳром Абдуалимов,  Насиба Содиқова ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  Қобилҷон Абдуқодиров баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии ҷумҳурӣ, таҳия ва қабули қонунҳо,  кор дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон маълумоти мукамал доданд.

Баромадкунандагон ҳамчунин таъкид намуданд, ки  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид шуд, ки: «кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Ҳамчунин Пешвои  миллат, зимни суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5 маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта кулан фарқ дорад. Меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи демократитарини кишварҳои ҷаҳон эътироф шуда, ба он се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Дар анҷоми мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе посух гуфтанд.

Ҷавонон ҳамчунин аз толори баргузории ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон, толори баргузории ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва китобхонаи ин мақоми олии қонунбарор дидан намуданд.

Ба ҳар яке аз ҷавонон, чун рамзи хотира аз ин даргоҳи муқаддас, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Добавить комментарий