Кормандони милисаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон панҷ нафарро ба гумони латукӯби як сокини шаҳри Марғелон боздошт карданд. 29 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки чанд тан як ҷавонро ҳамҷинсгаро номида, латукӯб мекунанд. Ин ҳодиса ду моҳ пеш дар ноҳияи Киргули шаҳри Фарғона рух додааст.

«Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ панҷ тан бо гумони таҳқири шараф ва номуси сокини вилояти Фарғона боздошт шуданд», — хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД-и Ӯзбекистон.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

29 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латту кӯби ҷавони ҳамҷинсгаро нашр шуд. Баъдтар маълум шуд, ки он ҷавон сокини 24-солаи шаҳри Марғелон буда, донишҷӯи Донишкадаи политехникии Фарғона аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here