Дирӯз, 14-уми май, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи навбатии Ситоди ноҳиявии роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус доир гашт.

Дар кори Ситод раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим ва кормандони муассисаҳои тандурустиву роҳбарони ташкиолту идораҳо вазъи феълии сироят аз коронавирусро баррасӣ карданд.

Зокирзода ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки барои пешгирии коронавирус дар корхонаву муассисаҳои ноҳия корҳои уфунатзудоӣ гузаронида шуда, аз ҷониби сокинони ноҳия ба фонди пешгирии коронавирус кӯмакҳо ворид гардидааст.

– Барои дуруст ба роҳ мондани корҳои саҳроӣ дар заминҳои кишоварзии ноҳия майдони кишти картошка васеъ гардида, корҳои киштукори он пурра ба анҷом расонида шудааст, – гуфт роҳбари раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ Носиров дар ҷаласаи Ситод.

Добавить комментарий